Савол № 01168

Шахсонеро мешиносам, ки зиндагии на он қадар хуб доранд, Масалан дар пардохти ҳаққи хидмати барқ, аммо аз тарафи дигар барои хонагирӣ аз Русия ё ягон кори дигар маблағ ҷамъ меоваранд. Бисёрашон нони серӣ намехӯранд. Оё ҳамин табақаи аҳолӣ аз маблағи ҷамъовардаашон закот медиҳанд.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Шахсонеро мешиносам, ки зиндагии на он қадар хуб доранд, яъне ба табақаи камбизоат дохиланд  ва аз тарафи давлат ёрии иҷтимоӣ мегиранд. Масалан дар пардохти ҳаққи хидмати барқ, аммо аз тарафи дигар барои хонагирӣ аз Русия ё ягон кори дигар маблағ ҷамъ меоваранд. Бисёрашон нони серӣ намехӯранд. Оё ҳамин табақаи аҳолӣ аз маблағи ҷамъовардаашон закот медиҳанд.

Саволдиҳанда: Хайриддин 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар маблағи ҷамъовардаи онҳо ба ҳадди нисоб расад ва як соли қамарӣ аз он бигузарад, закоти онро адо мекунанд. Дар ин ҳолат ин гуна шахсон аз табақаи камбизоат ҳисоб намешаванд. Пардохти закот дар харидани хона ҳеҷ халале намерасонад, балки сабаби баракати мол мегардад.

2017-05-25
3523
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24