Савол № 01189

Мегуфтед, ки кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд.

Савол:

Мегуфтед, ки кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд.

Саволдиҳанда: Шаҳром

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, амалҳои зерин рӯзаро мешикананд: хӯрдан, нӯшидан, доруву дармон кардан, ҳамбистарӣ кардан бо зан, хӯрдан ба хато (масалан дар аснои ғарғара кардан об нохост дар ҳалқаш фурӯ равад), хӯрдани иҷборӣ, ба гумони он ки шаб аст, бихӯрад, дар ҳоле ки субҳ дамидааст, қай кардан ба ихтиёри худ, нос ва сигор кашидан. Амалҳое, ки рӯзаро намешикананд, инҳоянд: ба фаромӯшӣ хӯрдан, эҳтилом шудан, ногаҳон даромадани ғубор, пашша ё дуд дар ҳалқ.

2017-06-02
3682
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48