Савол № 01211

Ман дар Полша ҳастам ва дар яке аз пляжҳо духтарони бараҳнаро дидам. Оё дар ҳолати эҳтилом шудан рӯза мешиканад?

Савол:

Ман дар Полша ҳастам ва дар яке аз пляжҳо духтарони бараҳнаро дидам. Оё дар ҳолати эҳтилом шудан рӯза мешиканад?

Саволдиҳанда: Мартин

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, назар кардан ба зани бараҳна ҳаром аст, инсони оқил набояд ба чунин маконҳои фасод қадам гузорад ё назар андозад, хусусан дар ин моҳи муборак, зеро рӯза фақат худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки чашму гӯшу забон, дасту по ва ҳамаи аъзои инсон бояд рӯза доранд. Агар дар ҳолати назар кардан эҳтилом шавад, рӯза намешиканад, вале макрӯҳ мешавад ва аз савоб холӣ мемонад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37)  

2017-06-08
4094
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47