Савол № 01230

Оё дар моҳи шарифи Рамазон дар кадом ҳолат оббозӣ кардан ҷоиз аст ва дар кадом ҳолат ҷоиз нест? Мегӯянд, ки дар оби равон ҷоиз аст ва рӯза намешиканад, аммо дар оби истода мешиканад.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё дар моҳи шарифи Рамазон дар кадом ҳолат оббозӣ кардан ҷоиз аст ва дар кадом ҳолат ҷоиз нест? Мегӯянд, ки дар оби равон ҷоиз аст ва рӯза намешиканад, аммо дар оби истода мешиканад.

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед дар ҳаммоми худатон бемалол оббозӣ кунед, ягон зараре ба рӯзаи шумо надорад. Албатта аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ дар оби истода ғусл кардан макрӯҳ аст, ба хилофи оби ҷорӣ, ки дар он дуруст аст. Дар ҳар сурат агар яқин шуд, ки об аз даҳон ё бинӣ дохил шудааст, рӯза мешиканад ва қазо воҷиб мешавад, аммо каффорат лозим намегардад.   

2017-06-09
4772
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47