Савол № 01238

Шахсе, ки дар вақти таҳорат ё ғусл ба васваса гирифтор бошад, аз нигоҳи шариат чӣ кор бояд кунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Шахсе, ки дар вақти таҳорат ё ғусл ба васваса гирифтор бошад, аз нигоҳи шариат чӣ кор бояд кунад?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, чунин шахс таҳорат ва ғуслашро ба ҷо оварад ва ба васваса эътибор надиҳад, зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр гӯяд, иншоаллоҳ васвасааш аз байн меравад, зеро васваса аз тарафи шайтон аст, аз шунидани зикр шайтон фирор мекунад ва дигар васваса карда наметавонад.

2017-06-12
4101
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48