Савол № 01252

Ба сабаби хуб набудани саломатӣ пой ва узвҳои пешобгузарро шуста наметавонам, дар ин ҳолат чӣ тавр намоз хондан мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ба сабаби хуб набудани саломатӣ пой ва узвҳои пешобгузарро шуста наметавонам, дар ин ҳолат чӣ тавр намоз хондан мумкин аст?

Саволдиҳанда: Шокиров

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар расонидани об ба бадани шумо зарар дошта бошад, шумо метавонед бо таяммум намози худро гузоред. Агар оби сард зарар дошта бошад, на оби гарм, дар ин ҳолат бо оби гарм таҳорат карда намоз гузоред, агар оби гарм ҳам зарар кунад, пас дар ин сурат таяммум кунед. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 5; “Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 81)

2017-06-13
4134
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53