Савол № 01259

Сабаби фарз шудани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар чист?. Оё шахсе, ки рӯза намедорад, бояд, ки фитри рӯза диҳад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1 Сабаби фарз шудани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар чист? 2. Оё шахсе, ки рӯза намедорад, бояд, ки фитри рӯза диҳад. 3. Оё барои тифле, ки дар батни модар аст, фитри рӯза дода мешавад? 4. Оё шахсе, ки рӯза намедорад, намози таровеҳ хонданаш равост? Ташаккур.

Саволдиҳанда: Фирдавс

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, сабаб ва ҳикматҳои фарз шудани рӯзаи моҳи Рамазон ин бисёр аст, аз ҷумла ин ки инсонҳои доро ва сарватманд аз ҳоли гуруснагон огоҳ шаванд ба қадри онон бирасанд, инчунин ба даст овардани хислатҳои тақво ва парҳезгорӣ, сабру ирода, эҷоди низому тартиб дар кору фаъолияти рӯзмарра ва ҳосил шудани тандурустӣ дар шахси рӯзадор. 2. Шахсе, ки рӯза намедорад, агар садақаи фитр диҳад, ҷоиз аст. 3. Барои тифле, ки дар батни модар аст, додани садақаи фитр воҷиб нест. 4. Намози таровеҳ суннат аст, хоҳ рӯза дорад ё надорад. 

2017-06-13
4196
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24