Савол № 01263

Оё додани закот, садақаи фитр ва фидяи савм ба ноболиғ дуруст аст Закоти асп чигуна дода мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Оё додани закот, садақаи фитр ва фидяи савм ба ноболиғ дуруст аст? 2. Закоти асп чигуна дода мешавад?

Саволдиҳанда: Шамсулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, додани закот, садақаи фитр ва фидяи савм ба ноболиғ дуруст аст, ба шарте ки падараш соҳиби нисоб набошад. 2. Агар қимати асп ба ҳадди нисоб расад, дар ин сурат рубъи ушри қимати он дода мешавад, яъне қимати аспро ба адади 40 тақсим намуда, ҳосили он ҳамчун закот пардохт карда мешавад.   

2017-06-15
4847
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51