Савол № 01271

Агар рӯзадор барои беҳдошти саломатӣ аз сӯзандору истифода барад, рӯзааш мешиканад? Дар ҳолати рӯза шустани дандонҳо бо хамираи дандоншӯӣ иҷозат аст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Агар рӯзадор барои беҳдошти саломатӣ аз сӯзандору истифода барад, рӯзааш мешиканад? 2. Дар ҳолати рӯза шустани дандонҳо бо хамираи дандоншӯӣ иҷозат аст?

Саволдиҳанда: Лутфулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) истифодаи сӯзандору рӯзаро мешиканад, беҳтар ин аст, ки пас аз шом ин амалро анҷом диҳед, агар рӯзона аз сӯзанору истифода кардед, рӯзаи он рӯзро қазо доред. 2. Дар ҳолати рӯза шустани дандонҳо бо хамираи дандоншӯӣ макрӯҳ аст, беҳтар ин аст, ки пас аз саҳархӯрӣ пеш аз дамидани субҳ ин амалро анҷом диҳед.

2017-06-15
511
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41