Савол № 01288

Оё намози таровеҳ суннати Пайғомбар (с) аст ё суннати Умар (р)? Агар дар хона хонда шавад, ҳукмаш чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё намози таровеҳ суннати Пайғомбар (с) аст ё суннати Умар (р)? Агар дар хона хонда шавад, ҳукмаш чист?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози таровеҳ суннати муаккада аст, ки Расули Худо (с) се шаб ҳамроҳи саҳобагон онро бо ҷамоат гузоридаанд. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) нимашаб ба масҷид рафта дар он ҷо намоз хонданд ва мардум низ пушти сари он Ҳазрат (с) намоз хонданд. Дар охири ин ривоят Оиша (р) мефармоянд: «Расули Худо (с) реҳлат карданд ва ҳукм бар ҳамин буд (яъне намози таровеҳ бо ҷамоат хонда мешуд). Инчунин аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) дар Рамазони муборак бист ракъат намоз ва витр мехонданд. (Байҳақӣ; ҷ. 2, с. 496. «Муъҷами кабир»-и Табаронӣ; ҷ. 11, с. 393. «Мусаннаф»-и Ибни Абӯшайба; ҷ. 2, 294). Ҷамоат дар намози таровеҳ суннати муаккадаи кифоя аст, яъне агар гурӯҳе онро бо ҷамоат гузоранд, суннат ба ҷо меояд, аз ин рӯ, агар касе онро дар хона танҳо гузорад, ҷоиз аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 20-21)   

2017-06-19
3464
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48