Савол № 01292

Аз пули дар қарз додашуда закот дода мешавад?

Савол:

Аз пули дар қарз додашуда закот дода мешавад?

Саволдиҳанда: Музаффар

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, агар инсони қарздор эътироф намояд, ки ман қарздор ҳастам ва онро пардохт менамоям, дар ин сурат ба иттифоқи фуқаҳо аз ин мол закот додан воҷиб мешавад ва назди Абӯҳанифа (р) пас аз баргардонидани қарз адои закоти солҳои гузашта воҷиб мегардад. Агар қарздор нодор ё мункири қарз бошад ва ё адои қарзро ба ҳар баҳона кашола диҳад, пас дар ин се сурат закот воҷиб намегардад, аммо агар дар ин се сурат мол пардохт шавад, закот фақат барои як сол адо карда мешавад ва дар солҳои гузашта ин мол ҳукми моли ғасбшуда ва гумшударо дорад. («Нурул-изоҳ», с.156)

2017-06-19
4275
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47