Савол № 01305

Дар болои курпача истода намоз гузоштан дуруст аст ё не? Чунки дар масҷиди мо дар сафҳо курпача партофта намоз мегузоранд. Дар саффе, ки курпача набошад, одамон камтар меистанд, оё ин амалашон дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Дар болои курпача истода намоз гузоштан дуруст аст ё не? Чунки дар масҷиди мо дар сафҳо курпача партофта намоз мегузоранд. Дар саффе, ки курпача набошад, одамон камтар меистанд, оё ин амалашон дуруст аст? 2. Пур кардани сафҳо ва рост будани он ҳатмист? Пурратар мефаҳмондед. 3. Гуноҳони кабира кадомҳоянд? Агар имконият мебуд, онҳоро ботартиб менавиштед. Гуноҳи сағира чист?

Саволдиҳанда: Аминҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, гузоридани намоз болои курпача боке надорад, вале саҷдаи худро бар рӯи ҷойнамоз анҷом диҳад. 2. Пур ва рост кардани сафҳои намоз суннат аст ва сабаби пайдо шудани улфату муҳаббат дар байни намозгузорон мебошад. Расули акрам (с) пеш аз ҳар намоз ба рост кардани сафҳо таъкид мекарданд ва ба пру намудани ҷойҳои холии саф амр мефармуданд. 3. Дар теъдоди гуноҳони кабира миёни уламо ихтилофи назар аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) теъдоди гуноҳони кабираро ҳафт то, аммо Абдуллоҳ ибни Аббос (р) теъдоди онҳоро қариб ҳафтод то гуфтаанд. Расули Худо (с) дар ҳадисе чунин фармудаанд: “Аз ҳафт амале, ки сабаби ҳалокати шумо аст, парҳез кунед: Ширк овардан ба Худо, сеҳру ҷоду кардан, куштани худ ё шахси дигар, рибо хӯрдан, хӯрдани моли ятим, гурехтан дар рӯзи ҷанг, туҳмат кардани занони покдоман”. Худованд муҷозоти гуноҳони кабираро муайян кардааст ва фақат ба тавба бахшида мешаванд. Ғайр аз гуноҳони кабира боқимонда гуноҳони сағира ҳастанд, ки бо анҷом додан амали нек бахшида мешаванд. (“Мирқотул-мафотеҳ”, ҷ. 1, с. 207-208) 

2017-06-22
3744
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47