Савол № 01306

Лутфан дар бораи фазилатҳои рӯзи ҷумъа сухан мегуфтед. Дар ин рӯз кадом вақт дуо кардан беҳтар аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Лутфан дар бораи фазилатҳои рӯзи ҷумъа сухан мегуфтед. Дар ин рӯз кадом вақт дуо кардан беҳтар аст?

Саволдиҳанда: Аминҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳадис омадааст, ки рӯзи ҷумъа зиёда аз панҷоҳ фазилат дорад. Аз ҷумла: рӯзи иҷобати дуоҳо аст, ҳазрати Одам (а) дар ҳамин рӯз офарида шуд, дар ин рӯз ба замин фуруд омад ва дуояш мустаҷоб шуд, қиёмат дар ҳамин рӯз барпо хоҳад шуд, ин рӯз рӯзи ҳаҷҷи фақирон ва мискинон аст. Лаҳзаи иҷобати дуо дар рӯзи ҷумъа ҳангоми баромадани имом ба минбар ва хондани хутба аст. (“Субҳун-нурӣ”, ҷ. 1, с. 248-249; “Сунан”-и Тирмизӣ, с. 490; “Сунан”-и Ибни Моҷа, с. 1137)

2017-06-22
3332
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46