Савол № 01309

Домуллои азиз, агар волидайн азоб диҳанд, аз хона рафтан мумкин аст? Онҳо пир ҳастанд.

Савол:

Домуллои азиз, агар волидайн азоб диҳанд, аз хона рафтан мумкин аст? Онҳо пир ҳастанд.

Саволдиҳанда: Мурод

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, ҳар амал ё бархӯрде, ки аз ҷониби волидайн ба шумо мерасад, набояд онро азобу шиканҷа ҳисобид, зеро ки волидайн нисбати ҷигарбанди худ чунин амалро раво намебинанд. Шумо ҳаққи тарк кардани онҳоро надоред, хусусан агар онҳо ба синни пирӣ расида ва ба хидмати шумо ниёз дошта бошанд, зеро Худованд мефармояд: «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар накӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ! Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!». (Сураи “Исро”, оятҳои 23-24) 

2017-06-22
3674
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52