Савол № 01312

Миқдори пуле, ки дар назди худ дорам, соли гузашта закоти онро додам. Фаҳмидан мехоҳам, ки имсол ҳам аз ин маблағ, ки истифода нашудааст, закот додан зарур аст.

Савол:

Ассалому алайкум. Ду суол дорам: 1. Миқдори пуле, ки дар назди худ дорам, соли гузашта закоти онро додам. Фаҳмидан мехоҳам, ки имсол ҳам аз ин маблағ, ки истифода нашудааст, закот додан зарур аст. 2. Маънои номи Абдулло чист? дарусташ Абдулло аст ё ин ки Абдуллоҳ. Қаблан изҳори ташаккур менамоям. Дар охир дар ҳаққи гузаштагонамон дуо намоед.

Саволдиҳанда: Искандарзода

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тибқи қарори Шӯрои уламо миқдори нисоби закот имсол ба 22950 сомонӣ баробар аст, ки аз он 575 сомонӣ пардохта мешавад.  Агар маблағи дар дасти шумо буда миқдори мазкурро ташкил диҳад, пардохти закоти он воҷиб мешавад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 30-31) 2. Тарзи дурусти ин ном Абдуллоҳ аст, ки маънояш бандаи Худо мебошад.

2017-06-22
4218
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24