Савол № 01331

Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот ба 22950 сомонӣ баробар аст, ки аз ин миқдор 575 сомонӣ закот дода мешавад". Маблағи 22950 сомонӣ чӣ маъно дорад ва чаро боз 575 сомонӣ оварда шудааст? Хоҳишмандам дар бораи ин ва закот фарохтар маълумот медодед.

Савол:

"Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот ба 22950 сомонӣ баробар аст, ки аз ин миқдор 575 сомонӣ закот дода мешавад". Маблағи 22950 сомонӣ чӣ маъно дорад ва чаро боз 575 сомонӣ оварда шудааст? Хоҳишмандам дар бораи ин ва закот фарохтар маълумот медодед. 2. "Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2017 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад". Фидяи савм чӣ маъно дорад ва 300 сомониро кӣ ба кӣ бояд супорад? Ба шумо ташаккур.

Саволдиҳанда: Додоҷон

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, барои дарки масоили закот аз илми фиқҳ баҳравар бояд шуд ва дар чанд сатр тафсилоти онро бозгӯ кардан мушкил аст. Закот яке аз рукнҳои панҷонаи Ислом аст ва он иборат аз пардохти ҳиссаи муайяни пул ё мол ба ашхоси ниёзманд аст. Нисоби закот меъёри муайяни пулу мол аст, ки шариат онро муқаррар карда, дар зиммаи ашхоси сарватманд ва доро фарз қарор додааст. Масалан агар шахсе дорои 85 гр тилло ё 600 гр нуқра бошад, аз нигоҳи шариат сарватманд ҳисоб мешавад ва бар ӯ лозим аст, ки аз 40 як ҳиссаи ин миқдор тилло ё нуқраро ба фақиру мискин пардохт намояд. Ҳар сол уламо ва мутахассисони Маркази исломӣ меъёри шаръии закотро бо асъори миллӣ қиматгузорӣ карда нисоби онро муайян мекунанд. Тибқи ҳисоби имсола қимати 85 гр тилло ба 22950 сомонӣ баробар мебошад, ки аз 40 як ҳиссаи он 575 сомониро ташкил медиҳад ва ҳамчун закот пардохт карда мешавад. 2. Фидяи савм қимати ҷуброни рӯза аст, ки шахсони узрманд (пирони бемадор ва бемороне, ки умеди беҳшавиашон вуҷуд надорад) дар ивази ҳар рӯзи рӯза ба ашхоси фақир ва ниёзманд мепардозанд.

2017-07-01
14446
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47