Савол № 01350

Ҳаҷми ушр аз ҳосил, масалан аз гандум чӣ қадар аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҳаҷми ушр аз ҳосил, масалан аз гандум чӣ қадар аст?

Саволдиҳанда: Умар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ушр даҳяки ҳосилро мегӯянд. Ҳар зироате, ки аз замин мерӯяд, даҳяки онро ҳамчун ушр ба масрифаш адо кардан воҷиб аст. Масалан, аз даҳ сатил нахӯд як сатил нахӯд ва аз даҳ халта гандум як халта гандум ушр додан тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) воҷиб аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 33-34)

2017-07-07
4211
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53