Савол № 01351

Оилаи ман аз чаҳор нафар иборат аст: Худам, ҳамсарам ва ду фарзандам. Ман бояд чӣ қадар садақаи фитр диҳам?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Оилаи ман аз чаҳор нафар иборат аст: Худам, ҳамсарам ва ду фарзандам. Ман бояд чӣ қадар садақаи фитр диҳам?

Саволдиҳанда: Беҳрӯз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз садақаи фитр барои ҳар як аъзои хонавода 5 сомонӣ муқаррар шудааст, вале ин камтарин меъёри садақаи фитр аст. Агар имконияти молии шумо бештар бошед, метавонед барои ҳар як аъзои оила бо қимати мавиз 48 сомонӣ садақаи фитр диҳед, савоби бештар ҳосил хоҳед намуд. Садақаи фитри шумо ва аҳли хонаводаатон бо қимати гандум 20 сомонӣ ва бо қимати мавиз 192 сомониро ташкил медиҳад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 35-36)

2017-07-07
4151
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48