Савол № 01353

Рӯзаи моҳи Шавволро дар кадом рӯзҳо доштан хубтар аст? Моҳи Шаввол чанд рӯз аст ва кай ба охир мерасад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Рӯзаи моҳи Шавволро дар кадом рӯзҳо доштан хубтар аст? Моҳи Шаввол чанд рӯз аст ва кай ба охир мерасад?

Саволдиҳанда: Арбоб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, рӯзаи моҳи Шаввол шаш рӯз буда, пас аз рӯзи якуми ид оғоз мегардад ва то охири моҳ идома меёбад. Онро метавон ба сурати пай дар пай ё ба сурати ҷудогона (масалан дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе) ба ҷо овард. Моҳи Шаввол 29 рӯз аст ва тақрибан рӯзи 23-юми июл ба охир мерасад.

2017-07-10
3887
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48