Савол № 01356

Гоҳе ба баъзе ҳоҷатхонаҳое ворид мешавем, ки дар он магасҳо мавҷуданд ва ба либос ё бадани мо менишинанд. Албатта мо имкони ҳар дафъа иваз кардани либос ва ғусл карданро надорем. Дар ин ҳолат мо чӣ кор кунем?

Савол:

Гоҳе ба баъзе ҳоҷатхонаҳое ворид мешавем, ки дар он магасҳо мавҷуданд ва ба либос ё бадани мо менишинанд. Албатта мо имкони ҳар дафъа иваз кардани либос ва ғусл карданро надорем. Дар ин ҳолат мо чӣ кор кунем? Аз нигоҳи шариати Ислом чӣ ҳукми дар ин маврид вуҷуд дорад?

Саволдиҳанда: Ёқуб

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, магасҳое, ки дар ҳоҷатхона ба сар либос менишинанд, аз нигоҳи шариати Ислом боке надорад, зеро он олудагие, ки дар панҷаи магасҳо вуҷуд дорад, бағоят ночиз буда, аз рӯи зарурат афв қарор гирифтааст. Шумо метавонед пас аз вузӯ ибодати худро бо хотири ҷамъ ба ҷо оред ва ба васваса роҳ надиҳед, зеро шариати Ислом аз инсон ҳараҷу машаққатро рафъ намудааст.

2017-07-10
4577
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24