Савол № 01424

Бобои домулло. Ман оиладор ҳастам ва нисбати ӯ ҳар гуна хобҳои ногувор мебинам. Ин чӣ таъбир дорад, илтимос ҷавобашро нависед.

Савол:

Ассалому алайкум бобои домулло. Ман оиладор ҳастам ва нисбати ӯ ҳар гуна хобҳои ногувор мебинам. Ин чӣ таъбир дорад, илтимос ҷавобашро нависед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоби пайғомбарон ҳақ аст ва воқеъият дорад, аммо хоби оммаи мардум эҳтимолӣ аст. Аз ин рӯ, шумо аз хобҳои дидаатон ба бахти худ бадгумон нашавед, дуо кунед ва хайрхоҳ бошед, ҳамаи мушкилотатон ҳал хоҳад шуд. Фаромӯш накунед, ки шайтон бо ҳар роҳ мехоҳад байни зану шавҳар адоват ва ҷудоӣ андозад, аз ин хотир пеш аз хоб “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро бихонед.

2017-09-20
2970
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48