Савол № 01426

Оё хондани намози қазоӣ пас аз гузоридани фарз ва суннати хуфтан ва пеш аз адои намози витр дуруст аст? Чунки мегӯянд баъд аз витри воҷиб ягон намоз хонда намешавад. Дар намози қазоӣ азону иқомат гуфта мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё хондани намози қазоӣ пас аз гузоридани фарз ва суннати хуфтан ва пеш аз адои намози витр дуруст аст? Чунки мегӯянд баъд аз витри воҷиб ягон намоз хонда намешавад. Дар намози қазоӣ азону иқомат гуфта мешавад?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз гузоридани фарзу суннати намози хуфтан пеш аз адои витр хондани намози қазоӣ дуруст аст. Дар намози қазоӣ азону иқомат гуфта мешавад. Пас аз он метавонед намози витрро гузоред. Гузоридани намози қазоӣ ё намози нофила пас аз витр низ дуруст аст. 

2017-09-30
3433
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24