Савол № 01454

Муқтадӣ дар намози ҷамоати пешин ё аср, ки имом дар он бо овози паст қироат мекунад, сураи “Фотиҳа”-ро мехонад ё хомӯш меистад? Бародароне ҳастанд, ки дар ин масъала далел мепурсанд, хоҳиш мекунам, ки далелашро меовардед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Муқтадӣ дар намози ҷамоати пешин ё аср, ки имом дар он бо овози паст қироат мекунад, сураи “Фотиҳа”-ро мехонад ё хомӯш меистад? Бародароне ҳастанд, ки дар ин масъала далел мепурсанд, хоҳиш мекунам, ки далелашро меовардед.

Саволдиҳанда: Акмал

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аксари уламои аҳноф қироати муқтадиро дар намозҳои ҷаҳрӣ ва хуфя макрӯҳи таҳримӣ мегӯянд, вале ҳукм ба ботил шудани намоз ва фосиқ шудани муқтадӣ намекунанд. Аз он ҷумла, назари муҳаққиқ Камол ибни Ҳумом – соҳиби “Фатҳул-Қадир” низ ҳамин аст. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ӯ низ қироат маҳсуб мешавад». (Ривояти Ибни Моҷа; “Мухтасарул-виқоя”, с. 15-17)

2017-10-11
3262
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48