Савол № 01456

Як бародар занашро дар ҳолати ғазаб талоқ додааст ва мехоҳад бо ӯ боз никоҳ кунад. Дар вақти никоҳи арӯсӣ намоз намегузорид ва ҳоло низ бенамоз аст. Оё никоҳу талоқи шахси бенамоз дуруст аст? Оё онҳо метавонанд, ки боз бо ҳам зиндагӣ кунанд?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Як бародар занашро дар ҳолати ғазаб талоқ додааст ва мехоҳад бо ӯ боз никоҳ кунад. Дар вақти никоҳи арӯсӣ намоз намегузорид ва ҳоло низ бенамоз аст. Оё никоҳу талоқи шахси бенамоз дуруст аст? Оё онҳо метавонанд, ки боз бо ҳам зиндагӣ кунанд?

Саволдиҳанда: Шаҳидулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар марде ҳамсарашро се талоқ кунад, аз нигоҳи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат се талоқ воқеъ шуда, барои онҳо идомаи зиндагии якҷоя ҳаром мегардад. Тарки намоз агарчи гуноҳи кабира аст ва азобу расвоӣ дар пай дорад, вале монеъи никоҳ ва талоқ намешавад. Яъне агар шахси бенамоз никоҳ кунад ва ё талоқ диҳад, никоҳ ва талоқаш аз нигоҳи шариат воқеъ мегардад. Аз он ҷо ки масъалаи талоқ паҳлуҳои гуногун дорад ва тафсил мехоҳад, беҳтар аст, ки дар сурати имкон бародаратон ба Раёсати фатво муроҷиат намояд. 

2017-10-12
3454
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53