Савол № 01461

Ҳалола кардани зан дар Қуръон ё ҳадис ҳаст?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҳалола кардани зан дар Қуръон ё ҳадис ҳаст?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳам дар Қуръон ва ҳам дар ҳадис омада, ки пас аз се талоқ шудани зан идомаи зиндагии якҷояи онҳо дуруст нест. Зани талоқшуда пас аз гузаштани иддааш бояд ба марди дигар издивоҷ кунад ва зиндагии якумраи ҷадидро оғоз намояд. Агар мабодо шавҳари ҷадидаш вафот кунад ё ӯро талоқ диҳад, пас аз гузашти иддааш, агар рағбат дошта бошад, метавонад бо шавҳари нахустинаш издивоҷ намояд, зеро дар ин ҳолат барои ӯ ҳалол шудааст. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Агар шавҳар пас аз он (ду бор талоқи раҷъӣ боз) ҳамсарашро талоқ намояд, он гоҳ то бо марди дигаре ғайр аз ӯ ба шавҳар набарояд, барояш ҳалол намегардад. Пас аз он агар (шавҳари дуюм) ӯро талоқ кунад, дар сурате, ки бо ғолиби гумонашон ба барпо доштани ҳудуди Худованд яқин дошта бошанд, дар бозгашти онҳо ба якдигар ҳеҷ гуноҳе бар онҳо нест». (Сураи “Бақара”, 230) Аммо никоҳи зани сеталоқшуда ба нияти ҳалол шудани ӯ барои шавҳараш макрӯҳ аст ва шариат аз ин амали зишт наҳй кардааст.

2017-10-13
4359
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48