Савол № 01483

Агар бо духтари насронӣ издивоҷ кунӣ ва ӯ дар дини насронӣ бошад, никоҳ чӣ гуна бояд сурат гирад? Агар фарзанд шавад, валади зино ҳисоб мешавад ё не?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Агар бо духтари насронӣ издивоҷ кунӣ ва ӯ дар дини насронӣ бошад, никоҳ чӣ гуна бояд сурат гирад? Агар фарзанд шавад, валади зино ҳисоб мешавад ё не?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тибқи фармудаи Худованд ва мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ никоҳ бо зани насронӣ саҳеҳ мебошад ва фарзанде, ки аз ин никоҳ ба вуҷуд меояд, мусулмонзода буда, насабаш собит мегардад ва ҳаргиз валади зино ҳисоб намешавад. Лекин ин никоҳ низ мисли никоҳи мусулмонӣ бояд сурат гирад, яъне иҷобу қабул ва ҳузури шоҳидон дар он шарт аст. 

2017-11-01
3345
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53