Савол № 01501

Дар “Саҳеҳ”и Муслим, ҳадиси 2202 чунин омадааст: “Аъузу биъиззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир”. Маънои онро ба забони тоҷикӣ мефаҳмондед ва тафсир мекардед.

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Дар “Саҳеҳ”и Муслим, ҳадиси 2202 чунин омадааст: “Аъузу биъиззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир”. Маънои онро ба забони тоҷикӣ мефаҳмондед ва тафсир мекардед. Ташаккур. 

Саволдиҳанда: Фарход

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ягон узви инсон дард кунад, дасти худро ба ҳамон ҷои бадан, ки дард мекунад, гузошта, се бор “Бисмиллоҳ” мегӯяд ва ҳафт бор дуои мазкурро мехонад, иншоаллоҳ шифо меёбад. Маънои дуо чунин аст: “Ба Худованд ва қудраташ аз бадии он чизе, ки эҳсос мекунам ва аз он метарсам, паноҳ мебарам”.

2017-11-09
3004
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48