Савол № 01504

Дар масҷид ҳама намозро ба тарафи қибла рост мехонанд, аммо баъзе одамон дар хона ба як кунҷи хона намоз мегузоранд. Оë рост намоз хондан дуруст аст ë каме ба дигар тараф моил шуда намоз хондан лозим?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Дар масҷид ҳама намозро ба тарафи қибла рост мехонанд, аммо баъзе одамон дар хона ба як кунҷи хона намоз мегузоранд. Оë рост намоз хондан дуруст аст ë каме ба дигар тараф моил шуда намоз хондан лозим? Илтимос фаҳмонед. 

Саволдиҳанда: Сомон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар намозгузор дар Масҷидул-ҳаром қарор дошта бошад, рӯ овардан ба худи хонаи Каъба зарур аст, дар ғайри ин сурат ба ҷиҳати қибла намоз гузоридан кофӣ аст, на ба айни хона, зеро аз масофаи дур рӯ овардан ба айни хона имконнопазир аст. Касоне, ки дар хонаи худ каме ба тарафи чап моил шуда намоз мегузоранд, шояд ба сабаби ин бошад, ки аксари хонаҳо бо риояи самти шимолу ҷануб сохта шудаанд. Ногуфта намонад, ки дар кишвари мо самти қибла байни шарқу ҷануб қарор дорад, аз ин рӯ, дар вақти намоз ба ин самт рӯ меоранд. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 12-13)

2017-11-09
3564
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47