Савол № 01518

Худованд ҳайвонҳоро аз чӣ халқ кардааст?

Савол:

Ассалому алайкум устод. Худованд ҳайвонҳоро аз чӣ халқ кардааст?

Саволдиҳанда: Шодӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд ҳайвонотро аз об офаридааст. Чунонки дар каломи худ мефармояд: Ва Худо ҳар ҷонвареро аз об офарид. Пас, аз инҳо он аст, ки бар шиками худ меравад; ва аз инҳо он аст, ки бар ду пой меравад; ва аз инҳо он аст, ки бар чаҳор пой меравад. Худо ҳар чи хоҳад, меофаринад. Ба дурустӣ ки Худо бар ҳар чиз Тавоно аст”. (Сураи “Нур”, ояти 45)

2017-11-16
3327
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25