Савол № 01519

Устод. 1. Худованд ба фарз амр кардааст, на ба суннат, пас, агар намозҳои суннате, ки баъд аз фарз хонда мешаванд, қазо шаванд, оё рӯзи қиёмат инсон аз он пурсида мешавад ё на? 2. Моли ғайри мусулмонро нопурсида хӯрдан ҷоиз ё на?

Савол:

Ассалому алайкум устод. 1. Худованд ба фарз амр кардааст, на ба суннат, пас, агар намозҳои суннате, ки баъд аз фарз хонда мешаванд, қазо шаванд, оё рӯзи қиёмат инсон аз он пурсида мешавад ё на? 2. Моли ғайри мусулмонро нопурсида хӯрдан ҷоиз ё на?

Саволдиҳанда: Шодӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, суннатҳо дар баъзе мавридҳо қазо дошта мешаванд, мисли суннати бомдод, суннати пешин ва суннати ҷумъа. Худованд ба мо мутлақ намоз хонданро фарз накардааст, балки намоз хондан ба мисли Пайғомбар (с)-ро фарз қарор додааст. Он Ҳазрат (с) ҳеҷ намозеро бидуни суннатҳояш нахондаанд. Суннат ҷузъе аз дин аст ва муҳим надонистани он истихфоф ба дин аст. Дар китоби “Раддул-муҳтор”, ҷ. 5, с. 109 мавқеъи уламои ҳанафиро чунин баён кардааст: “Агар суннат тарк кард, вале ба ҳақ будани он эътиқод дорад, дар ин сурат гунаҳгор мешавад, вале агар ба ҳақ будани он эътиқод надошта бошад, аз дин хориҷ мешавад, зеро ин кор истихфоф (муҳим надонистан) ба суннат аст. 2. Моли ғайри мусулмонро нопурсида хӯрдан ҷоиз нест, мусулмон бояд дорои ахлоқи олии инсонӣ бошад. 

2017-11-16
3838
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48