Савол № 01523

Мехостам бифаҳмам, ки баъзе одамон ҳангоми гузаштани яке аз афроди хонаводаашон, ки рӯзи панҷшанбе вафот кардааст, майитро як рӯз манъ карда, ӯро рӯзи ҷумъа дафн мекунанд. Оё ин амали онҳо ба майит ягон фоида дорад?

Савол:

Ассалому алайкум устод. Мехостам бифаҳмам, ки баъзе одамон ҳангоми гузаштани яке аз афроди хонаводаашон, ки рӯзи панҷшанбе вафот кардааст, майитро як рӯз манъ карда, ӯро рӯзи ҷумъа дафн мекунанд. Оё ин амали онҳо ба майит ягон фоида дорад? Шахсе, ки рӯзи панҷшанбе вафот кунад ва рӯзи ҷумъа дафн гардад, аз суоли малоика озод аст? Дигар паҳлуҳои ин масъаларо шарҳ медодед. Худованд Шуморо раҳмат кунад.

Саволдиҳанда: Иззатулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз дидгоҳи шариати Ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ инсони фавтида бояд ҳарчи зудтар ба манзили охират гусел карда шавад ва ба таъхир гузоштани дафни майит хилофи суннати Пайғамбар (с) мебошад. Пас аз вафоти инсон таъхир кардан дар дафни ӯ сабаби зоҳир шудани айбҳои ӯ мегардад, зеро инсонро ҳаёт ва ҳиссиёташ солим нигоҳ медорад. Як рӯз манъ кардани майит барои дафни ӯ дар рӯзи ҷумъа аз нигоҳи шаръӣ ҷоиз нест, чунки рӯзи вафот эътибор дорад, на рӯзи дафн. 

2017-11-16
195
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41