Савол № 01525

Ман оиладор ҳастам ва алҳол дар Русия кор мекунам. Ҳамсарам дар Тоҷикистон аст. Ҳар рӯз аз хоб эҳтилом шуда бармехезам, чӣ кор кунам, ки ин ҳолат такрор нашавад? Дар ҷои кор намозамро хонда наметавонам, бегоҳ ҳамаи намозҳоро ҷамъ карда мехонам. Оё ин корам дуруст аст ё аз баҳри кор бароям?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман оиладор ҳастам ва алҳол дар Русия кор мекунам. Ҳамсарам дар Тоҷикистон аст. Ҳар рӯз аз хоб эҳтилом шуда бармехезам, чӣ кор кунам, ки ин ҳолат такрор нашавад? Дар ҷои кор намозамро хонда наметавонам, бегоҳ ҳамаи намозҳоро ҷамъ карда мехонам. Оё ин корам дуруст аст ё аз баҳри кор бароям?

Саволдиҳанда: Банда

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо имконият дошта бошед, рӯза гиред, инчунин зикри Худоро бисёр гӯед, ин ҳолат аз шумо бартараф мегардад. Гузоридани намоз дар вақташ фарз аст, бинобар ин, то ҳадди имкон намозро дар вақташ гузоред, ҳеҷ набошад, фарзро ба ҷо оред, дар кори шумо хайру баракат меафзояд. 

2017-11-19
3633
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47