Савол № 01531

Оё закот додан ё хайр кардан ба эшонзодаҳо ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум домулло.  Оё закот додан ё хайр кардан ба эшонзодаҳо ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Ҷамолиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, садақа ду навъ мешавад: Фарз ва нофила. Додани садақаи нофила ба тамоми қишри ҷомеа дуруст аст, вале садақаи фарз масорифи хос дорад, ки дар сураи “Тавба” баён шудааст. Худованд мефармояд: Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст. (Сураи “Тавба”, ояти 60)

2017-11-19
208
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:55
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41