Савол № 01540

Зане, ки ҳомила аст, мегӯяд, ки миёнам намешавад, намозро нишаста мехонад, оё ин намозаш дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум устоди муҳтарам. Ҳангоми бемории зан мард метавонад ба воситаи молиш додани занаш шаҳвати худро паст кунад? Зане, ки ҳомила аст, мегӯяд, ки миёнам намешавад, намозро нишаста мехонад, оё ин намозаш дуруст аст?

Саволдиҳанда: Билол

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ мард дар ҳолати ҳайз ё нифоси ҳамсараш наметавонад бо ӯ ҳамбистар шавад, аммо истимтоъ (баҳра бурдан ба мисли оғӯшу бӯса) аз ҳамсар дуруст аст. Агар истодан дар намоз барои зани ҳомила мушкил бошад, метавонад намозашро нишаста гузорад.

2017-11-30
3500
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47