Савол № 01543

Ман китоби “Қоидаи бағдодӣ”-ро дуруст хонда наметавонам, агар ба андозаи донистаам ба додарам хондани ин китобро ёд диҳам, оё гуноҳ аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман китоби “Қоидаи бағдодӣ”-ро дуруст хонда наметавонам, агар ба андозаи донистаам ба додарам хондани ин китобро ёд диҳам, оё гуноҳ аст?

Саволдиҳанда: Манзура

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо метавонед ба додаратон “Қоидаи бағдодӣ”-ро омӯзиш диҳед, вале беҳтар аст, ки худ онро дуруст ёд гиред ва агар имконият дошта бошед, омӯхтаҳоятонро аз назди мутахассиси қироат гузаронед, то ки дар талаффузи калимаҳо ғалат накунед. Ба ҳар ҳол шумо донистаатонро таълим диҳед, аҷру подоши онро мегиред.  

2017-11-30
3123
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54