Савол № 01608

1. Ҳангоми тамошои силсилафилмҳо баъзе одамон дар ҳолатҳои ғамангези он гиря мекунанд. Оё ин корашон гуноҳ ҳисоб мешавад? 2. Берун аз намоз дар кўча ё ҷои дигар фикру қалб ба Худо бошад, дуо кардан бидуни бардоштани даст ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Ҳангоми тамошои силсилафилмҳо баъзе одамон дар ҳолатҳои ғамангези он гиря мекунанд. Оё ин корашон гуноҳ ҳисоб мешавад? 2. Берун аз намоз дар кўча ё ҷои дигар фикру қалб ба Худо бошад, дуо кардан бидуни бардоштани даст ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Алӣ

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар силсилафилмҳо он ҳолатҳое, ки сабаби гиряи тамошобин мегардад, фақат як бозӣ ва иҷрои нақш аз тарафи ҳунарманд аст. Инсон табиатан дар лаҳзаҳои шодӣ масрур ва дар лаҳзаҳои ғамангез маҳзун мешавад, аз ин рў, дар ин ҳолатҳо гиря кардан гуноҳ нест. 2. Бардоштани дастҳо дар вақти дуо суннат аст, лекин дар ҳолати зарурат бидуни бардоштани дастҳо низ дуо ҷоиз ва қабул аст.

2018-01-19
2990
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24