Савол № 01622

Рангҳое, ки дар Қуръони карим ёд шудаанд, кадомҳоянд? Достони издивоҷи кадом Пайғамбар дар Қуръони карим омадааст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Рангҳое, ки дар Қуръони карим ёд шудаанд, кадомҳоянд? 2. Достони издивоҷи кадом Пайѓамбар дар Қуръони карим омадааст?

Саволдиҳанда: Зумрад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, Худованд дар бисёре аз оёти Қуръони карим навъҳои гуногуни мавҷудотро бо ихтилофи рангҳояшон ёдовар шудааст. Аз ҷумла, ранги сафед, сабз, зард, сурх, кабуд, сиёҳ, ранги зарди холис, ранги сабзи моил ба сиёҳ. Дар оёти гуногуни қуръонӣ роҷеъ ба офариниши мавҷудот бо рангҳои мухталиф дар мисоли ранги инсонҳо (“Рум”, 22; “Фотир”, 28), ранги абрҳо (“Рум”, 51), ранги меваҳо (“Фотир”, 27-28), ранги кӯҳҳо (“Қориъа”, 5; “Фотир”, 27), ранги чеҳраҳо (“Рум”, 22; “Оли Имрон”, 106-107), ранги гиёҳон (“Зумар”, 21; “Ҳадид”, 20), ранги боѓҳо (“Раҳмон", 62-65) ва дигар анвоъи мавҷудот ва рангҳои онҳо метавон иттилоъ пайдо кард. 2. Дар Қуръони карим достони издивоҷи ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Муҳаммад (с) зикр шудааст. 

2018-01-26
2976
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:12
Пешин12:40
Аср17:16
Шом19:14
Хуфтан20:45