Савол № 01641

Ассалому алайкум. Дар бораи дуоҳои сафар, дастархон, меҳмон, гусел ва пешвози арӯс бо забони тоҷикӣ навишта медодед.

Савол:

Ассалому алайкум. Дар бораи дуоҳои сафар, дастархон, меҳмон, гусел ва пешвози арӯс бо забони тоҷикӣ навишта медодед.

Саволдиҳанда: Зебинисо

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дуоҳои мазкур ва тарҷумаи онҳо чунин аст:

Дуои сафар: «Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва охира амалика».

Динат, амонатат ва охири коратро ба Худованд месупорам.

Дуои дастархон: «Алҳамду лиллоҳиллазӣ атъаманӣ ҳозо ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувва».

Ситоиш Худоеро, ки маро хӯроку рӯзӣ дод, бидуни ин ки ман зӯру қудрати онро дошта бошам.

Дуои таҳнияти арӯс: «Боракаллоҳу лака ва борака ъалайка ва ҷамаъа байнакумо фӣ хайр».

«Худованд барои ту ва бар ту баракат диҳад ва ҷуфти шуморо бо хайру хубӣ пайванд диҳад».

2018-02-06
4894
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52