Савол № 01645

Қуръон дар моҳи Рамазон якбора фуруд омадааст ё ки оят-оят нозил шудааст? Сураҳоро кӣ номгузорӣ кардааст?

Савол:

Ассалому алайкум. Қуръон дар моҳи Рамазон якбора фуруд омадааст ё ки оят-оят нозил шудааст? Сураҳоро кӣ номгузорӣ кардааст?

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Қуръони карим дар шаби Қадр аз Лавҳи маҳфуз ба осмони дунё якбора фуруд омадааст. Пас аз он дар муддати бисту се сол тибқи рўйдодҳо ва талаботи замони нубувват ба таври тадриҷӣ оят-оят ва сура-сура ба Расули акрам (с) нозил шудааст. Сураҳои Қуръонро худи Расули акрам (с) бо дастури ҳазрати Ҷабраил (а) аз тарафи Худованд номгузорӣ кардаанд.

2018-02-15
4625
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53