Савол № 01651

Қаблан ба унвони шумо дар мавриди фаъолияти ширкатҳои ба истилоҳ “пирамидавӣ” суол дода будем. Шояд суол бароятон нофаҳмо буд, аз ин рў, посухи худро дастрас нанамудем...

Савол:

Ассалому алайкум. Ассалому алайкум. Қаблан ба унвони шумо дар мавриди фаъолияти ширкатҳои ба истилоҳ “пирамидавӣ” суол дода будем. Шояд суол бароятон нофаҳмо буд, аз ин рў, посухи худро дастрас нанамудем. Манзури мо аслан ҳамон ширкатҳои шабакавии тиҷоратӣ ҳастанд, ки бо ҷалби бештари муштариён фаъолияти худро роҳандозӣ намудаанд. Ин дар ҳолеаст, ки дар ағлаби кишварҳо фаъолияти онҳоро аз нигоҳи Ислом ҳаром медонанд. Шўрои уламо дар ин маврид чӣ назар дорад?

Саволдиҳанда: Муслим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо низомномаи ширкатҳои мазкурро ба мо фиристонед ва худ низ ҳозир шавед, пас аз огоҳӣ пайдо кардан аз низоми фаъолияти ин ширкатҳо посухи он равшан хоҳад шуд. Чунки дар бораи равиши фаъолияти ин ширкатҳо огоҳии комил надорем.

2018-02-15
2931
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46