Савол № 01656

Устоди азиз, янгаам, яъне зани бародарам хоб дидааст, ки аз бародарам ҷудо шудааст ва падару модари янгаам ӯро ҳурмат намекунанд. Ин чӣ таъбир дорад? Дар ҳаққи оилаи мо дуо кунед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Устоди азиз, янгаам, яъне зани бародарам хоб дидааст, ки аз бародарам ҷудо шудааст ва падару модари янгаам ӯро ҳурмат намекунанд. Ин чӣ таъбир дорад? Дар ҳаққи оилаи мо дуо кунед.

Саволдиҳанда: Раҳмон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ хоб дидан ба никоҳ халале ворид намекунад, аз ин рӯ, ошуфта ва парешонхотир нашавед, зеро никоҳи байни бародар ва янгаатон саҳеҳ ва барқарор аст. Онҳо саъй кунанд, ки ҳуқуқ ва эҳтироми якдигарро ба ҷо оваранд ва ба волидонашон некӯӣ кунанд, иншоаллоҳ хайру баракат хоҳанд ёфт. Худованд ба шумо ва аҳли хонаводаатон саодат ва комёбӣ насиба гардонад.

2018-02-22
2824
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52