Савол № 01659

Нос ва сигор шиканандаи вузӯ аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Нос ва сигор шиканандаи вузӯ аст ё на?

Саволдиҳанда: Салоҳиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар китобҳои фиқҳӣ оиди шикастани таҳорат аз носу сигор зикре ба миён наомадааст. Аммо асли масъала дар ин аст, ки ҳадафи асосӣ аз таҳорат ҳам пок кардани зоҳир ва ҳам пок намудани қалб аз олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки носу сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои маънавӣ мерасонад.

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.  

2018-02-23
3215
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48