Савол № 01662

Оё пас аз бомдод ва аср хондани намозҳои қазоӣ иҷозат аст ё на?. Аз қафои танҳогузор ният карда намоз хондан иҷозат аст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Оё пас аз бомдод ва аср хондани намозҳои қазоӣ иҷозат аст ё на? 2. Аз қафои танҳогузор ният карда намоз хондан иҷозат аст?

Саволдиҳанда:Абдураҳмонм

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, пас аз намози бомдод ва аср гузоридани намози қазоӣ дуруст аст, ба шарте ки вақти тулуъ ва ё ғуруби офтоб набошад. 2. Аз қафои танҳогузор иқтидо кардан дуруст аст, ба шарте ки аз иқтидои ӯ огоҳ шавад ва такбирҳоро бо овози баланд гӯяд. 

2018-03-02
3698
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53