Савол № 01761

Оё номҳои Худовандро ба одамон гузоштан ягон гуноҳ нест?Барои чӣ ҳамаи номҳои Худовандро мегузоранд, аммо номи Аллоҳро намегузоранд? 2. Ба як дўстам гуфтам, ки Худованд наваду нуҳ ном дорад, аммо ў мегўяд, ки сад ном дорад, яктои онро дар он дунё мефаҳмем, оё ин дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Оё номҳои Худовандро ба одамон гузоштан ягон гуноҳ нест? Барои чӣ ҳамаи номҳои Худовандро мегузоранд, аммо номи Аллоҳро намегузоранд? 2. Ба як дўстам гуфтам, ки Худованд наваду нуҳ ном дорад, аммо ў мегўяд, ки сад ном дорад, яктои онро дар он дунё мефаҳмем, оё ин дуруст аст?

Саволдиҳанда: Давлаталӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, исми “Аллоҳ” номи хосси Худованд аст ва набояд ба касе ин номро гузошт. Аз нигоҳи шариат исмҳои Худованд бо илова кардани лафзи “абд” ба шахс гузошта мешаванд, ҳамчун Абдуллоҳ, Абдурраҳмон, Абдуррауф ва амсоли он. Номидани касе ба исмҳои Худованд бе илова кардани калимаи “абд” хуб нест. 2. Худованд номҳои зиёде дорад, ки баъзе аз онҳоро ба бандагонаш хабар дода ва баъзеро дар илми худ нигоҳ доштааст. Аз ин ҷумла, наваду нуҳ номи ў дар ҳадисҳои набавӣ ворид шудааст, ки ба онҳо “Асмоуллоҳил-ҳусно” - номҳои некуи Худованд гуфта мешавад. Аз миёни номҳои Худованд якеро “Исми аъзам”, яъне номи бузург мегўянд ва дар таъйини он уламо ихтилофи назар доранд.

2018-05-07
5329
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48