Савол № 01796

Қабл аз оғози дини Ислом касоне, ки пайрави дигар динҳо, масалан дини масеҳӣ буданд, оё онҳо кофир буданд.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Қабл аз оғози дини Ислом касоне, ки пайрави дигар динҳо, масалан дини масеҳӣ буданд, оё онҳо кофир буданд.

Саволдиҳанда: Сомом

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, динҳои осмоние, ки қабл аз дини Ислом вуҷуд доштанд ва инҳироф ҳанӯз дар онҳо роҳ наёфта буд, пайравони ҳақиқии ин динҳо дар роҳи рост ва дини ҳақ буданд. Аммо замоне ки таълимоти ин динҳо ба инҳироф кашида шуда, пайравонаш аз роҳи ҳақиқат берун шуданд, ба онҳо кофири китобӣ ё аҳли китоб гуфта мешавад. Бо омадани Ислом таълимоти ин динҳо бекор шуд ва барои ҳамаи башарият пайравӣ аз дини Ислом фарз гардид, зеро Пайғамбари мо (с) пайғамбари тамоми инсу ҷин аст.

2018-05-31
2793
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54