Савол № 01817

Тибқи тақвими намоз, ки дар сомонаи мазкур ҷой дода шудааст, намози бомдод ягона намозест, ки то даромадани намози пешин давом надорад, аммо дигар намозҳо то даромадани намози баъдӣ давом доранд.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Пас аз баромадани офтоб то даромадани намози пешин, хондани намози бомдод то чӣ андоза дуруст аст. Тибқи тақвими намоз, ки дар сомонаи мазкур ҷой дода шудааст, намози бомдод ягона намозест, ки то даромадани намози пешин давом надорад, аммо дигар намозҳо то даромадани намози баъдӣ давом доранд.

Саволдиҳанда: Валӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақте офтоб тулуъ кард, намози бомдод қазо мешавад. Пас аз тулуъи офтоб то даромадани намози пешин вақти муҳмал аст, яъне дар ин фосила ягон намози фарз вуҷуд надорад. Агар намози бомдоди шумо қазо шуда бошад, метавонед қазои онро дар ин вақт бигузоред, яъне аввал азон гуфта суннатро адо мекунед, сипас иқомат гуфта фарзро ба ҷо меоред, зеро Расули Худо (с) қазои намози бомдодро чунин ба ҷо овардаанд.  

2018-06-05
3465
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25