Савол № 01830

Бо ҳамсарам бе алоқаи ҷинсӣ дастбозӣ ва бӯса кардам, нохост дидам, ки оби мазӣ баромадааст. Оё ин кори ман рӯзаро фосид мекунад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Бо ҳамсарам бе алоқаи ҷинсӣ дастбозӣ ва бӯса кардам, нохост дидам, ки оби мазӣ баромадааст. Оё ин кори ман рӯзаро фосид мекунад? Дар охир дуо кунед, ки Худованд гуноҳони маро бубахшад.

Саволдиҳанда: Шералӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати рӯза оғӯш ва бӯса кардани ҳамсар хусусан барои нафарони ҷавон макрӯҳ аст, ба шарте ки хавфи хориҷ шудани манӣ вуҷуд дошта бошад, агар манӣ хориҷ шавад, рӯза мешиканад ва қазо доштани он воҷиб мегардад, аммо бо хориҷ шудани мазӣ рӯза намешиканад. Худованд аз хато ва гуноҳони шумо даргузарад ва бароятон тавфиқи сабру истиқомат дар дин насибу рӯзӣ гардонад.

2018-06-08
4063
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48