Савол № 01836

Нафаре, ки рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро як рӯз пеш аз тақвими Маркази исломӣ гирифтаасту ба сабаби беморӣ як рӯзи онро (дар давраи рамазон) хӯрдааст, чӣ бояд кунад?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Нафаре, ки рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро як рӯз пеш аз тақвими Маркази исломӣ гирифтаасту ба сабаби беморӣ як рӯзи онро (дар давраи рамазон) хӯрдааст, чӣ бояд кунад? Агар баробари мардум ид кунад, рӯзаи гирифтааш комил аст? 2. Агар шахс рӯзона дар моҳи шарифи Рамазон ба фиреби шайтон гирифтор шуда, танаш нопок гардад, рӯзааш мешиканад?

Саволдиҳанда: Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, риояи тақвими Маркази исломӣ барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст, агар касе ба сабаби беморӣ як ё чанд рӯзе аз моҳи Рамазон рӯза нагирифта бошад, баъд аз сипарӣ шудани моҳи шариф ва ид қазои онро ба ҷо меорад. 2. Ба сабаби эҳтилом шудан рӯза фосид намешавад, дар ин ҳолат фавран бояд ғусл кард. 

2018-06-08
3376
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54