Савол № 01838

Оё дар моҳи Рамазон ҳар рӯз нияти алоҳида бояд кард ё дар аввали он як бор ният кофӣ аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Оё дар моҳи Рамазон ҳар рӯз нияти алоҳида бояд кард ё дар аввали он як бор ният кофӣ аст?

Саволдиҳанда: Амир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рӯза ибодати бузург аст ва бояд бо нияти анҷоми фармони Худованди мутаъол ба ҷо оварда шавад. Паёмбар (с) мефармоянд: «Амалҳо ба ниятҳо вобастаанд…». Ният аслан ҳамон қасду ирода ва омодагии амалии инсон барои анҷоми кор мебошад. Дар моҳи Рамазон нияти рӯзаи ҳар рӯзи он воҷиб аст, зеро ҳар рӯзи он ибодати мустақил ба шумор меравад ва ба таври умумӣ нияти рӯзаи як моҳ кифоя намекунад. Агар аз аввали моҳи Рамазон нияти рӯзаи тамоми моҳро намояд, хуб аст, вале он танҳо барои рӯзи аввал дуруст мегардад ва бояд барои рӯзҳои дигар аз нав ният намояд. Саҳарӣ хӯрдан дар моҳи Рамазон ният ба шумор меравад.

2018-06-08
3616
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54