Савол № 01854

Хондани намози қазоӣ дар кадом вақт воҷиб аст? Худо нигоҳбон.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Хондани намози қазоӣ дар кадом вақт воҷиб аст? Худо нигоҳбон.

Саволдиҳанда: Бахтиëр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ гузоридани намози қазоӣ ҳама вақт ҷоиз аст, ба ҷуз се вақт: ҳангоми тулуъ, қиём ва ғуруби офтоб. Намози қазоиро ба ҷуз ин се вақт фавран адо кардан воҷиб аст ва онро набояд ба таъхир андохт. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 10-11)

2018-06-14
3328
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:12
Пешин12:40
Аср17:16
Шом19:14
Хуфтан20:45